ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Боғи Парчами давлатӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки ин санаи муҳими таърихӣ рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Маҳз бо талошу ибтикороти созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ роҳи сулҳу субот ва рушди устуворро интихоб намуда, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, сулҳпарвар ва ташаббускор мавқеи шоиста касб намудааст.
Инчунин ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоии идона бо иштироки васеи сокинон баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии идона қариб 5000 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҷавонону занон, фаъолон ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.
Ҳамзамон ба ин муносибат дар ноҳияи Ёвон намоиши дастовардҳои ташкилоту муассисаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти истеҳсолӣ ва маҳсули эҷодии сокинон баргузор гардид. Дар намоиш тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кор бо ҷавонон, фарҳанг, инчунин коллеҷу литсейҳо ва дигар сохторҳои дахлдор фаъолона иштирок намуда, дастовардҳо, иқдомҳои созанда, маҳсули фаъолияти касбӣ ва имконияташонро ба маърази тамошо гузоштанд.
Гӯшаҳои алоҳидаи намоиш бо маҳсули ҳунари дастӣ, корҳои эҷодӣ, дастовардҳои таълимӣ, маводи тарғиботиву маърифатӣ, намунаҳои маҳсулоти истеҳсолӣ ва дигар дастовардҳои соҳаҳо оро ёфта буданд. Ҳар ташкилоту муассиса кӯшиш ба харҷ додааст, ки фаъолияти назаррас, натиҷаҳои меҳнат ва саҳми худро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Дар баробари дастовардҳои соҳавӣ дар намоиш намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ ва дигар ҳунарҳои анъанавии миллӣ низ пешниҳод гардиданд. Маҳсули дастони ҳунармандон таҷассумгари фарҳанги ғанӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва маҳорати нотакрори мардуми тоҷик буда, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони ноҳияи Ёвон нақшаи истеҳсоли пахтаро, ки соли 2026 23 ҳазору 900 тонна пешбинӣ гардида буд, барзиёд иҷро намуданд. Дар мавсими имсола дар ноҳия дар 10 ҳазору 480 гектар чигит кишт гардида, аз ин 4 ҳазору 500 гектар бо усули зери плёнка ба роҳ монда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






