ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 35 ҳазор сокинон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Роҳпаймоии идона бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, таҷассумгари ҳамдиливу сарҷамъии сокинон ва эҳтироми онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ аз назди Маҷмааи фарҳангию таърихии «Истиқлол» то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳр ҳаракат намуданд.
Иброз гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ва чун рамзи эҳтиром ба хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, барқарории сулҳу субот ва ваҳдат, инчунин баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 ин ҷониб 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардида буд, дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, заминаи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи давлатро фароҳам овард.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






