ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Донишгоҳи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин ҳамоиш, ки бо иштироки мутахассисони соҳа аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баргузор шуд, роҳҳои такмили низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ, татбиқи амалии қонунҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз нигоҳи ҳуқуқи муқоисавӣ» маъруза намуд.
Зимни суханронӣ гуфта шуд, ки қабули Конститутсия дар солҳои истиқлоли давлатӣ барои ташаккули низоми қонунгузории миллии Тоҷикистон заминаи асосӣ гузошт. Ҳамзамон оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иброз гардид, ки маҳз ҳамин дастовардҳо барои идомаи ислоҳоти ҳуқуқӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар марҳилаҳои минбаъда такмили қонунгузорӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, танзими муносибатҳои иқтисодӣ ва таъмини волоияти қонун равона карда шуд.
Дар бахши муқоисавии маъруза ба як масъалаи калидӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд: ҳангоми таҳияи қонунҳо чӣ гуна метавон аз таҷрибаи давлатҳои дигар истифода бурд ва ҳамзамон анъанаҳои ҳуқуқӣ ва ниёзҳои ҷомеаи худро ба назар гирифт? Дар ин замина ба таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар такмили қонунгузорӣ ва ҷойгоҳи ин масъала дар сиёсати давлатдории Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ишора гардид. Таъкид шуд, ки ҳангоми муқоисаи таҷрибаи ду мамлакат омӯзиши тарзи татбиқи қонунҳо низ муҳим аст, зеро маҳз дар амал муайян мегардад, ки меъёри ҳуқуқӣ то чӣ андоза ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Исфандиёр Собирзода гуфт, ки баргузории ҳамоиш дар шаҳри Пекин ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ба ин муносибат саҳми таърихии Пешвои миллат дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми баромад ба рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин баҳои баланд дода шуда, омӯзиши муштараки таҷрибаи қонунгузорӣ ва табодули афкор байни ҳуқуқшиносони ду кишвар аз самтҳои муҳими ҳамкории минбаъдаи илмӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






