Пятница, 20 ноября 2026
Общество

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Венаи Австрия Конфронси Вена оид ба муҳоҷират баргузор гардид. Дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, зимни конфронс масъалаҳои таҳкими назорати сарҳадӣ, мубориза бо қочоқи одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар масирҳои асосии муҳоҷират, инчунин идоракунии ҳамаҷонибаи равандҳои муҳоҷират баррасӣ гардиданд.

Инчунин ба нақши сармояи инсонӣ дар барқарорсозӣ ва рушди иқтисодӣ, тағйироти бозори ҷаҳонии меҳнат ва ташаккули низомҳои устувору ҳамоҳангшудаи идоракунии муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Иштирокчиён роҳҳои татбиқи равишҳои фарогир дар идоракунии равандҳои муҳоҷират ва қадамҳои минбаъда дар самти амалисозии Паймони Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳоҷират ва паноҳандагиро баррасӣ карданд.

Иштирок дар чунин чорабинии байналмилалӣ барои табодули таҷриба, шиносоӣ бо равишҳои муосири идоракунии равандҳои муҳоҷират ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ доир ба танзими равандҳои муҳоҷират заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj