ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар марказҳои тиббии шаҳри Душанбе барои дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои рақамии тиббӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ байни беморон, муассисаҳои тиббӣ ва сохторҳои шаҳрӣ, инчунин истифодаи самараноки захираҳои соҳаи тандурустӣ барномаи рақамии «eTib» амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Барномаи рақамии «eTib» дар ҳамкорӣ бо корхонаи «Шаҳри ҳушманд» таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа рушди хизматрасониҳои рақамии тиббӣ дар пойтахт мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» менеҷери барнома Ҳуснида Бозорова иброз намуд, «амалӣ намудани ин барнома дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе қадами муҳим дар раванди рақамисозии соҳаи тандурустӣ мебошад».
Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 ноябри соли 2025 «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eTib» дар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» татбиқ карда мешавад.
«Лоиҳаи «eTib» дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе ба таври таҷрибавӣ ташкил гардидааст. Ба онҳо марказҳои саломатии шаҳрии №6, №9, №13 ва №15, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ва Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дохил мешаванд»,-иттилоъ дод Ҳуснида Бозорова.
Дар доираи татбиқи барнома хизматрасониҳои электронии зерин, аз ҷумла корти электронии бемор, низоми ёдоварӣ, дорухати электронӣ, ҳисоботи оморӣ, низоми навбати электронӣ, дастрасӣ ба натиҷаҳои ташхис, низоми сабти фосилавӣ барои қабули беморон ва дигар хизматрасониҳои электронӣ пешбинӣ гардидаанд.
Истифода аз ин барнома ба коҳиш додани корҳои дастӣ, сарфаи вақти табибон ва беморон, беҳтар намудани гардиши маълумот ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






