Суббота, 21 ноября 2026
Общество

Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр ва 1 декабр дар шаҳри Душанбе Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Конфронс аз соли 2023 ин ҷониб бо дастгирии «Россотрудничество» баргузор гардида, ҳар сол беш аз 100 намояндаро аз давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳам меорад. Он чун майдони муҳим барои баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба рушди донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои ҳамгироии илм, маориф ва соҳибкории инноватсионӣ хизмат мекунад.

Конфронс соли чорум баргузор гардида, ҳадафи асосии он баррасии масъалаҳои рушди донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои пешбарандаи илму маориф, технологияҳои муосир, инноватсия ва соҳибкорӣ, инчунин таҳкими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бахши хусусӣ ва ҷомеа мебошад.

Дар доираи конференсия бахшҳои мавзуӣ ва мубоҳисаҳои панелӣ баргузор гардида, масъалаҳои нақши донишгоҳҳо дар таъмини соҳибихтиёрии технологии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди соҳаи маориф, илмҳои техникӣ ва инноватсия, инчунин татбиқи “Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030” мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин муаррифии пешниҳодҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ ва сохторҳои давлатӣ дар назар дошта шудааст. Ин иқдом барои дарёфти шарикони нав, ташкили лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj