ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси вазорат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ-баёнгари шаҳомати миллӣ» ҳамоиши илмӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои таърихии халқи тоҷик мебошад. Дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани мақоми ин рамзи давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе назаррас мебошад.
Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба мақоми ҳуқуқии Парчами давлатӣ тибқи моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои кормандони мақомоти адлия дар самти тарғиби қонунгузорӣ, тақвияти ҳисси эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа таъкид гардид.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






