ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи ба истилоҳ тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Абдураҳим ШОҲИЁН дар шарҳи ин мавзуъ чунин изҳори назар кард:
— Тибқи маълумоти дастрас, таҳти раёсати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия масъала «Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро низ мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин замина Тоҷикистон расман соҳиби Парчами давлатӣ гардида, дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.
Дар ҷаҳони муосир беш аз 200 давлатро маҳз тавассути парчамашон эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифи давлатҳои мустақил, аз ҷумла халқи тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам маҳсуб мешавад. Маҳз нияти нек ва иродаи шикастнопазири Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки Парчами давлатӣ, аз рӯзи қабули он, дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфт ва хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан арҷ мегузоранд.
Дар ин раванд, соли 2009 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст.
Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳифзи Парчами давлатӣ мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ будан, рисолати соҳибватании мо маҳсуб меёбад. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».
Дар ин раванд таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои таърихӣ бамаврид буда, бояд ёдовар шавем, ки нахустин парчамҳо дар Эрони бостонӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Мисри қадим ба вуҷуд омадаанд. Тавре дар маъхазҳо сабт шудааст, парчамро мардуми форснажод «дирафш» меномиданд ва аввалин дирафше, ки мо ба василаи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар бобати он маълумоти комил дорем, Дирафши Кова аст.
Дар маълумоти таърихии марбут ба дирафш парчами Куруши Кабир низ мақоми хос дорад. Қабл аз ба подшоҳӣ расидани Куруш рӯи парчами мардуми ориёинажод гови болдор акс ёфта буд, бо зуҳури ҳукумати Куруш он нақш ба тасвири парандаи шикорӣ бо номи шаҳбоз тағйир ёфт, ки тибқи ривояте, он паранда ноҷии ориёиҳо мешавад.
Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Хуросону Мовароуннаҳр 200 сол ҳеҷ нишонае аз дирафш ё парчами хос бо нақшҳои заррин боқӣ намонд, то он замоне ки сулолаи Ғазнавиён сари қудрат омаданд. Минбаъд парчами Хонигарии Бухоро ва баъдан Аморати Бухоро то соли 1920, Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро аз соли 1921 то соли 1924, Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1924 то соли 1929, Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1929 то 9-уми сентябри соли 1991 мавриди истифода буданд.
Ниёкони мо ҳамчунин ба маънии «парчам» бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале ҳанӯз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ ба даст наомадааст. Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухоро равшан нест. Парчами аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарин иборат буд ва дар канори чапи он рӯи хати сабз «Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст» ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст» чор ҳарф «Б.Н.С.Р.» дар рӯи он нақш гардид, ки мухаффафи «Бухарская Народная Советская Республика» аст.
Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ — «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой гирифт. Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард
Дар баробари ин омилҳо ибрози андеша оид ба нақши Парчами давлатӣ баҳри тақвияти ҳувияти миллӣ муҳиму муфид аст. Ҳувияти миллӣ яке аз мафҳумҳои калидии ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ буда, маҷмуи тасаввурот, арзишҳо, хотираи таърихӣ, забон, фарҳанг, анъанаҳо ва эҳсоси мансубияти шахс ба миллатро фаро мегирад. Бояд гуфт, ки ҳувияти миллӣ танҳо эҳсоси ифтихор аз гузашта нест. Он ҳамзамон масъулият дар назди имрӯз ва уҳдадорӣ нисбат ба оянда мебошад. Шахсе, ки таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии худро мешиносад, нисбат ба сарнавишти давлату ҷомеа бетараф намемонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ сарҳадҳои анъанавиро ба ҳам наздик мекунанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд. Дар чунин вазъ, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муассир мебозад. Он шаҳрвандони дорои ҷаҳонбинӣ, касбу кор, синну сол ва мавқеи гуногуни иҷтимоиро дар атрофи арзиши муштарак муттаҳид месозад. Эҳтиром ба Парчам бояд аз эҳсоси самимии ватандӯстӣ сарчашма гирифта, дар рафтору кирдор, муносибат ба қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ таҷассум ёбад. Дар ин раванд Парчами давлатӣ метавонад ба як меҳвари муҳими ғоявию маънавӣ табдил ёбад. Зеро он арзишҳои гуногунро дар як мафҳуми ягона — Ватани соҳибистиқлол таҷассум мекунад. Дар чунин вазъият истифодаи оқилона ва мақсадноки рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчами давлатӣ, метавонад ба яке аз воситаҳои муассири ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа табдил ёбад.
Парчами давлатӣ набояд танҳо объекти эҳтироми расмӣ бошад. Он дорои иқтидори бузурги маърифатӣ, тарбиявӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва рамзӣ буда, ба воситаи он метавон арзишҳои таърихӣ, ормонҳои миллӣ, ғояҳои соҳибистиқлолӣ, эҳсоси мансубият ба давлат ва масъулияти шаҳрвандиро ба шуури ҷамъиятӣ ворид намуд. Масалан ҷомеашиноси фаронсавӣ Эмил Дюркгейм дар таҳқиқоти худ собит кардааст, ки рамзҳои муштарак метавонанд эҳсоси ҳамбастагӣ ва тааллуқ ба ҷомеаро тақвият бахшанд.
Бенедикт Андерсон дар асари машҳури худ «Ҷомеаҳои тасаввуршуда» (Imagined Communities) таъкид кардааст, ки миллат ҳамчун ҷомеаи дорои тасаввури умумии мансубият ташаккул меёбад. Дар ин раванд забон, таърих, расму оин ва рамзҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Аз ин лиҳоз Парчами давлатӣ яке аз воситаҳои таҷассум ва намоиши ин мансубияти муштарак мебошад.
Зимнан бояд робитаи Парчами давлатӣ бо таърихи давлатдории тоҷикон, анъанаҳои қадимаи парчамдорӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ дар даврони истиқлол мавриди омӯзиши амиқ қарор гирад. Парчами давлатӣ имкон медиҳад, ки арзишҳои ахлоқию маънавӣ, аз ҷумла ватандӯстӣ, садоқат, масъулиятшиносӣ, ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба дигарон дар шуури шаҳрвандон тақвият дода шаванд. Зарур аст, ки истифодаи Парчам бояд бо тарбияи амалии шаҳрвандӣ пайванд дошта бошад. Илова бар ин рамзҳои давлатӣ ба шуури инсон на танҳо тавассути маърифат, балки тавассути эҳсос низ таъсир мерасонанд. Яке аз масъалаҳои муҳими марбут ба мафкурасозӣ тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва арзишҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро ояндаи давлатдорӣ аз сатҳи худшиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобастагӣ дорад.
Ҷавон бояд на танҳо рангҳои Парчам ва таърихи қабули онро донад, балки моҳияти таърихӣ, сиёсӣ ва маънавии онро дарк намояд. Аз ин рӯ омӯзиши таърихи Парчами давлатӣ, маърифати рамзҳои миллӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои давлатдории муосир бояд ҷузъи доимии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои ҳизбӣ бошад. Парафшонии Парчам дар маросимҳои муҳими давлатӣ, мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллӣ метавонад ҳисси ифтихор, ҳамбастагӣ ва мансубиятро тақвият диҳад.
Мо шоҳидем, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ба ифтихори азму талоши фарзандони бонангу номуси миллат, аз ҷумла ҷавонони ватандӯсти мо, мунтазам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Вақте ки дар дилхоҳ гӯшаи олам парчами тоҷикон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷику тоҷикистониён баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад. Аммо таъсири эҳсосӣ бояд бо маърифати воқеӣ ҳамроҳ бошад. Танҳо баргузории маросимҳо барои ташаккули ҳувияти устувори миллӣ кофӣ нест.
Тавре маълум аст дар ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ яке аз институтҳои муҳими низоми сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ифодаи манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ, омода намудани кадрҳои сиёсӣ, таҳияи барномаҳои рушди ҷомеа ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсӣ нақши муайян доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ тавассути оиннома, барнома, фаъолияти ташкилӣ, мулоқот бо интихобкунандагон, маъракаҳои сиёсӣ, нашрияҳо ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон иштирок мекунанд. Аз ин нуқтаи назар масъулияти ҳизбҳо дар раванди мафкурасозӣ хеле бузург аст. Онҳо бояд барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ саҳм гузоранд.
Дар байни институтҳои сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки нерумандтарин ниҳоди сиёсии мамлакат маҳсуб мешавад, ҷойгоҳи бениҳоят баланд дорад. Табиист, ки ҳизбҳои сиёсӣ, хоса Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа на танҳо барои иштирок дар интихобот ва ифодаи манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ, балки барои ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва маърифати шаҳрвандӣ низ масъулият доранд. Парчами давлатӣ дар ин маврид рамзи умумиест, ки метавонад ҳамаи ҳизбҳо, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро новобаста аз мавқеи сиёсӣ дар атрофи манфиатҳои олии давлативу миллӣ муттаҳид созад.
Дар ин замина истифодаи Парчам дар фаъолияти ҳизбӣ бо шаклу усулҳои гуногун роҳандозӣ шудааст. Ташкили ҳамоишҳои илмӣ-сиёсӣ дар мавзуи Парчам ва давлатдории миллӣ, баргузории конференсияҳо оид ба ҳувияти миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ, таҳияи барномаҳои маърифатӣ барои аъзои ҳизб, ташкили мулоқоти ҷавонон бо олимон, таърихшиносон ва ходимони ҷамъиятӣ, роҳандозии иқдомҳои муштараки ҳизбҳои сиёсӣ дар рӯзҳои ҷашни миллӣ ва тарғиби эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ дар байни аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳамон ҷумлаанд. Вале муҳим он аст, ки чунин ибтикор набояд хусусияти расмӣ ва маъракавӣ дошта бошанд. Онҳо бояд ба натиҷаҳои воқеӣ, аз ҷумла баланд шудани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихии ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ боис гарданд.
Ба андешаи мо, мафкурасозӣ дар заминаи эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд ҷанбаҳои гуногунро фарогир бошад. Тақвияти маърифати парчамшиносӣ — таҳияи маводи илмӣ, таълимӣ ва оммавӣ дар бораи таърихи Парчами давлатӣ, маънои рамзии рангҳо ва нақши он дар давлатдории тоҷикон аз ҳамон ҷумлаанд. Ташаккули фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, густариши фаъолияти иттилоотӣ, инчунин, тақвияти ҳамкории ҳизбҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Муҳим он аст, ки мафкурасозии миллӣ танҳо дар сурати пайвастани арзишҳои маънавӣ бо дастовардҳои воқеии иҷтимоию иқтисодӣ самаранок мегардад. Вақте шаҳрванд натиҷаи сиёсати давлатро дар беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, рушди маорифу тандурустӣ, бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, корхонаҳо ва фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ эҳсос мекунад, эътимод ба ояндаи давлат ва ҳисси масъулият дар назди он низ тақвият меёбад.
Парчами давлатӣ рамзест, ки таърихи миллатро бо имрӯз ва ормонҳои имрӯзаро бо фардо мепайвандад. Он дар баландтарин нуқтаи давлат парафшон аст, аммо маънои аслии он бояд дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷой дошта бошад. Мафкурасозӣ дар заминаи эҳтиром ба Парчам, пеш аз ҳама, маънои ташаккули шахсияти худшинос, ватандӯст, қонунмеҳвар, масъулиятшинос ва дорои тафаккури созандаро дорад. Ин раванд бо фаъолияти як ниҳод ё як ҳизб маҳдуд намешавад. Он масъулияти муштараки давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, воситаҳои ахбори омма, оила ва тамоми ҷомеа мебошад. Зеро Парчам ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ ё неруи сиёсӣ тааллуқ надорад. Он рамзи тамоми Тоҷикистон, тамоми шаҳрвандони кишвар ва сарнавишти муштараки миллати тоҷик мебошад. Ҳар гоҳе ки бод ба Парчами миллӣ мевазад, гӯё таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик аз нав ба ҳаракат меояд. Дар ҳар рахи сурху сафеду сабзи он садои гузаштагон, талоши имрӯзиён ва умеди наслҳои оянда таҷассум меёбад.
Дар маҷмуъ Парчами давлатӣ барои тоҷику тоҷикистониён нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Вале бузургтарин арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ он аст, ки муқаддас будани ин рамз аз шиор ба шуур тадбил ёбад.
Абдураҳим ШОҲИЁН,
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






