Понедельник, 23 ноября 2026
Общество

Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ, илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Чунин иброз дошт Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода дар  ҳамоиш таҳти унвони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ», ки имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор  шуд.

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад  зимни чорабинӣ  иброз гардид,  ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро метавон иди баландбардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Ҳамзамон таҷлили ин рӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд донист.

Нотиқон  изҳор доштанд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки фарзандони даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо донишу фарҳанги баланд ва истеъдоди варзишиашон ҳамарӯза дар даҳҳо озмун, форуму фестивалҳо ва чорабиниҳои гуногуни варзишии сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ иштирок мекунанд.

«Ҷавонон имрӯз парчами миллиро ҳамроҳ мегиранд, то бо ифтихори баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ин рамзи муқаддаси миллиро баланд бардоранд.Танҳо ба хотири иштироки намояндагони мамлакат дар барномаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар кишварҳои хориҷӣ  ҳамарӯза Парчами давлатии Тоҷикистон боло мегардад», — таъкид карда шуд дар ҳамоиш.

Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ — Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.

Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон дар он замон, ки баландии сутунаш 165 метр буд, барафрохта шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар мамлакат 24 ноябр- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар фазои идона таҷлил мегардад. Парчами давлатӣ дар қатори дигар муқаддасотӣ миллӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёриву комилҳуқуқӣ дар фазои ваҳдати комил парафшон гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj