Понедельник, 23 ноября 2026
Общество

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  Рӯзи Парчами давлатиро  ботантана ҷашн гирифтанд

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон муаррифи давлати озоду ҳуқуқбунёди мо буда, чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат, аз ҷумла кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод иттилоъ медиҳад.

Ёдоварӣ шуд, ки 15 сол қабл, 30 августи соли 2011 дар 20-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими бошукуҳи барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Парчами давлатӣ бо садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшон гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин маросим иброз доштанд, ки «баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид шуда, бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлол саъю талоши бештар менамоянд».

«Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки ба ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намояд»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон иброз намуданд, ки Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Таъкид карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад. Ин нишонаи соҳибистиқлолӣ, мавқеи байналмилалӣ ва боиси ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj