ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Қабули ҳуҷҷати мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии баробарӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тартиби мазкур механизми гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро муайян намуда, ба ошкор ва бартараф намудани меъёрҳои табъизӣ, пешгирии ҳолатҳои табъиз ва таъмини мутобиқати қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон равона гардидааст.
Мутобиқи Тартиби мазкур, мақомот ҳамчун мақоми ваколатдор экспертизаи зиддитабъизӣ гузаронида, оид ба мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо ба қонунгузории соҳаи баробарӣ ва манъи табъиз хулоса пешниҳод менамояд.
Қабули ин ҳуҷҷат дар таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқ ба баробарӣ, такмили қонунгузорӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз аҳаммияти муҳим дошта, барои таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
АКС аз манбаъҳои боз
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






