Вторник, 24 ноября 2026
Общество

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми арзишҳои миллӣ ва давлатдории муосир» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Қабл аз оғози ҳамоиш дар саҳни донишгоҳ роҳпаймоии идона баргузор шуд. Дар ин иқдоми ватандӯстона омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо парчамҳои давлатӣ иштирок намуда, бо қадамҳои устувор ва руҳияи баланди идона муҳаббату садоқати худро нисбат ба Ватани азиз, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ иброз доштанд.

Роҳпаймоии идона дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ифодагари эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтироми насли ҷавон ба рамзҳои давлатии кишвар буд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувият, ҳастии миллӣ ва соҳибистиқлолии давлат маҳсуб шуда, дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши муҳим дорад. Маҳз бо ҳамин мақсад таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ имкон фароҳам меорад, ки аҳли ҷомеа, ба хусус насли ҷавон ба арзишу муқаддасоти миллӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, моҳияти рамзҳои давлатиро амиқтар дарк намоянд.
Иштирокдорон аҳамияти таърихию сиёсии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгоҳи он дар низоми арзишҳои миллӣ ва нақши ин рамзи муқаддаси давлатиро дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш иброз гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ, орзуву ормонҳои миллӣ ва саъю талошҳои мардуми тоҷикро барои зиндагии осоиштаву обод таҷассум менамояд. Он ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии миллат ва бақои давлат дар қалби ҳар шаҳрванди кишвар ҷойгоҳи хосса дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj