Вторник, 24 ноября 2026
Общество

Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он беш аз 40 ҳазор сокинон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бо шиору овезаҳои тараннумгари Ватан, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ роҳпаймоӣ намуданд. Хиёбонҳои шаҳрро парафшонии Парчамҳои давлатӣ ва садои шиорҳои ватандӯстона фаро гирифта, фазои идона ва эҳсоси сарфарозӣ аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ дар қалби иштирокдорон таҷассум меёфт.

Ин иқдоми оммавӣ на танҳо арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллии  тоҷикон, балки бозгӯйи эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан ва эҳтироми мардум ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иштироки теъдоди зиёди сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин чорабинӣ аз ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ дар ҳаёти ҷомеа ва муҳимияти тарғиби арзишҳои миллӣ дар байни наслҳои имрӯзу оянда шаҳодат медод.

Рӯзи Парчами давлатӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақому манзалати хосса дошта, рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, ҳувияти миллӣ, нангу номус ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ барои миллати тоҷик дар тамоми давру замон рамзи ҳастӣ, озодӣ ва ифтихори миллӣ буда, мардумро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва садоқат ба Ватан раҳнамоӣ кардааст. Таърихи парчамдории тоҷикон аз умқи ҳазорсолаҳо сарчашма гирифта, бо суннатҳои қадимаи давлатсозӣ ва фарҳанги пурғановати ниёгон пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар ин замина аз Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои қадимаи давлатдорӣ ва таҷассумгари мубориза барои озодиву адолат ёдоварӣ гардида, таъкид шуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳастии миллат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии мамлакат қабул гардида, барои ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ заминаи муҳим гузошта шуд. Имрӯз Парчами давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон парафшон буда, боиси ифтихори ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj