ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона ва ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, дар роҳпаймоӣ беш аз 30 ҳазор сокинон иштирок намуданд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ парчамҳои давлатиро парафшон намуда, аз хиёбони ба номи Раҳмон Набиев то майдони Парчами давлатӣ ҳаракат карданд.
Таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ваҳдат ва ҳувияти таърихии миллат буда, эҳтиром ба он эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҳамзамон ҷавонон ба садоқат ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан даъват карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр дар саросари Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






