Вторник, 24 ноября 2026
Общество

Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Сокинони Рашт  бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд

РАШТ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаҳои гуногун ва сокинони ноҳия роҳпаймоии бошукуҳи идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Сокинони ноҳия бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо бардоштани парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстона, ки тараннумгари Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошанд, дар роҳпаймоии идона фаъолона иштирок карданд.‎

‎Дар ноҳияи Рашт ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Зимни ҳамоиш аз мақому манзалати Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии миллат ёдоварӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки Парчами Тоҷикистон чун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва рамзи муқаддаси миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва расман тасдиқ карда шуд. Парчами давлатӣ боиси ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «ҳар фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj