ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Форум ба масъалаҳои таҳкими низоми ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, тақвияти фаъолияти комиссияҳои дахлдор ва густариши ҳамкории байниидоравӣ бахшида шуд.
Зимни форум роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэл Акимова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба фаъолияти ин ташкилот, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқи кӯдак изҳори андеша намуд.
Ба иттилои Габриэл Акимова, ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд барои такмили низомҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият намуда, яке аз самтҳои асосии таваҷҷуҳи худро ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастгирии оилаҳо равона кардааст.
Мавсуф иброз дошт, ки ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, таъмини амнияти онҳо дар фазои интернет ва фароҳам овардани муҳити бехатар дар муассисаҳои таълимӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор мераванд. Ба андешаи Габриэл Акимова, барои ҳалли ин мушкилот ҳамкории мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, волидон ва худи кӯдакон зарур аст.
Габриэл Акимова ҳамчунин бо ишора ба аҳаммияти рушди хизматрасониҳои дахолати барвақтӣ барои кӯдаконе, ки дар инкишофи ҷисмонӣ ва равонии худ ба дастгирии махсус ниёз доранд, зарурати дастгирии оилаҳои чунин кӯдаконро муҳим арзёбӣ кард.
Ба таъкиди роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ, Тоҷикистон давлати дорои аҳолии ҷавон буда, беш аз 40 фоизи аҳолии онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ин омил барои рушди ояндаи мамлакат имконияти бузург фароҳам меорад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди малакаҳои ҷавонон аҳаммияти махсус дорад.
Дар идомаи суҳбат Габриэл Акимова дар бораи таассуроти худ аз Тоҷикистон, табиат, иқлим, фарҳанг ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик низ андешаҳояшро баён намуд.
«Тоҷикистон як мамлакати воқеан аҷиб аст. Ман дар соҳили уқёнус ба дунё омадаам ва ба воя расидаам, бинобар ин кӯҳҳои шумо барои ман чизи ғайриодиву ҳайратангез мебошанд. Тақрибан 93 фоизи ҳудуди кишвари шуморо кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин зебоӣ воқеан беназир аст», – иброз дошт ӯ.
Габриэл Акимова Тоҷикистонро «як гавҳари ниҳон» номида, таъкид намуд, ки зебоиҳои табиии мамлакат сазовори муаррифии бештар дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, соҳаи сайёҳӣ метавонад барои ҷавонони тоҷик имконияти нави шуғл ва соҳибкориро фароҳам оварад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба ҷавонон барои омӯхтани малакаҳои зарурӣ ва ба роҳ мондани ташаббусҳои соҳибкорӣ дар ин соҳа мусоидат карда шавад.
Габриэл Акимова инчунин аз меҳмоннавозӣ, самимият ва фарҳанги баланди мардуми тоҷик ёдовар шуда, гуфт, ки «мардуми Тоҷикистон хеле меҳрубон ва самимӣ ҳастанд. Ман аз суҳбатҳои озод бо онҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилот лаззат мебарам. Ҳамчунин таомҳои миллии шумо ба ман хеле писанданд. Ман ҳамроҳи писарам баъзе таомҳои тоҷикиро меомӯзем ва кӯшиш мекунем, ки онҳоро омода намоем».
Дар посух ба савол оид ба минтақаҳои Тоҷикистон, ки то имрӯз ба онҳо сафар кардааст ё не, мавсуф изҳор намуд, ки дар баробари шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом низ сафар доштааст. Ҳамчунин дар шаҳри Ҳисор ва баъзе минтақаҳои атрофи он низ ҳузур доштааст ва мехоҳад ба бисёр минтақаҳои дигари мамлакат сафар карда, бо оилаҳо ва ҷавонон суҳбат намояд.
Ӯ иброз намуд, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ низ оғоз мекунад, зеро ин забон барояш хеле форам аст.
Дар ҷамъбасти суҳбат Габриэл Акимова таъкид намуд, ки меҳрубонӣ, самимият ва талоши мардуми тоҷик барои беҳтар намудани зиндагии кӯдакон аз арзишҳое мебошанд, ки дар муддати будубошаш дар Тоҷикистон ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






