ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол–2026» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар озмун ҳунармандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи панҷ номинатсия – тарроҳӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, армуғони сайёҳӣ ва зардӯзӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, дар тарбияи насли ҷавон, эҳёи суннатҳои ниёгон ва рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас доранд. Ҳамчунин нақши ҳунармандони мардумӣ дар ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмун бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ин иқдом барои арҷгузорӣ ба ҳунари волои мардумӣ, муаррифии анъанаҳои миллӣ ва фароҳам овардани имконияти нав барои рушди ҳунармандӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд менамоянд. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар мамлакат сол то сол зиёд мешавад.
Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






