Пятница, 27 ноября 2026
Общество

Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

ДУШАНБЕ, 27.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод мулоқоти раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурута Кэйко баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо доир ба ҳамкории судманд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ табодули афкор намуда, имконияти мавҷуда ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Раиси ноҳияи Нуробод таъкид намуд, ки рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пешрафти ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз дипломати ҷопонӣ Ютака Акино, ки дар ноҳияи Нуробод ба ҳалокат расидааст, ёдоварӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки хотираи неки ӯ ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Тоҷикистону Ҷопон ҳамеша гиромӣ дошта мешавад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи робитаҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкории мутақобили судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj