ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо муовини якуми Мудири кулли ЮНЕСКО Аса Регнер (Ms Åsa Regnér) вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар самтҳои илм, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре маълум аст, ҷашни бостонии Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст. Дар доираи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ моҳи октябри соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор гардид.
Инчунин масъалаи дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шарикӣ бо ЮНЕСКО дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор намудани конференсияи байналмилалии илмӣ дар соли 2027 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Баргузории чунин конференсия ба муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, рушди сайёҳии устувор ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо ҷалби олимону коршиносони кишварҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj




