ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир» нахустин форуми байналмилалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Форуми байналмилалӣ бахшида ба истиқлолиятӣ давлатӣ, 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» доир карда шуда, дар он олимон ва муҳаққиқон аз Русия, Чин, Британияи Кабир, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Украина ва Латвия ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз дошт, ки таҳкими қонуният, волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва такмили низоми қонунгузорӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ бо суръати бесобиқа тағйир ёфта, равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ ба муҳити ҳуқуқӣ таъсири амиқ мерасонанд, ки нақш ва аҳамияти илми ҳуқуқшиносӣ ба маротиб меафзояд.
Иштирокдорони ҳамоиши илмӣ иброз доштанд, ки истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконияти таърихии эҳёи давлатдории миллӣ, ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро фароҳам овард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ифодагари иродаи халқ, асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, арзишҳои бунёдии ҷомеа ва кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуд. Маҳз дар заминаи истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои таҳкими низоми давлатдорӣ, рушди қонунгузории миллӣ, такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо на танҳо воситаи мубодилаи афкору таҷрибаи илмӣ, балки заминаи мусоид барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, наздик намудани назария ба амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва дарёфти роҳҳои муассири ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Дар доираи форуми байналмилалӣ баргузории ду конференсияи байналмилалӣ, зиёда аз даҳ мизи мудаввар, Озмуни ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат таҳти унвони «Ташаббуси ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», хонишҳои ҳуқуқӣ бо ҷалби олимони варзидаи дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва чандин чорабиниҳои дигари илмию фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳама ба ташаккули илми ҳуқуқшиносии мамлакат ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии мутахассисони ҷавон мусоидат менамояд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj







