Суббота, 28 ноября 2026
Общество

Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Дар  маркази ташхисию табобатии  «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби  ҷойи кор шуданд

ДУШАНБЕ, 28.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов – шаҳраки Меҳробод маркази ташхисию табобатии ҶДММ «Луқмони Ҳаким-2014» ифтитоҳ гардид, ки дар он 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад.

Марказ ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда, барои ташхису табобати беморон имкониятҳои васеъ дорад. Иншоот бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҳакимҷон Рӯзиев бунёд шуда, аз 18 ҳуҷраи хоби беморон ва 34 кат иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои амалӣ намудани стратегияҳои давлатӣ ва «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дошта, шумораи умумии катҳои табобатӣ ба 16 ҳазор адад расидааст.

Дар соҳаи тандурустии давлатии вилоят 946 муассиса фаъолият дошта, аз онҳо 136 муассиса ба сохтори госпиталӣ ва 810 муассиса ба сохтори кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мансуб мебошанд. Дар баробари бахши давлатӣ соҳибкории тиббӣ низ рушд ёфта, 295 муассисаи тиббии хусусӣ (аз ҷумла 159 ҶДММ, 58 намояндагӣ ва 78 соҳибкори инфиродӣ) ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии катҳо дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ 15 801 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 978 кат ба муассисаҳои давлатӣ ва 1 823 кат ба бахши хусусӣ рост меояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj