Четверг, 12 ноября 2026
Спорт

Суҳроб Сатторов бозиҳои дӯстонаи мунтахабҳои футзали Ҷопон ва Марокашро доварӣ мекунад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Суҳроб Сатторов бозиҳои дӯстонаи мунтахабҳои футзали Ҷопон ва Марокашро доварӣ мекунад

Довари ФИФА оид ба футзал аз Тоҷикистон Суҳроб Сатторов барои ҳакамӣ кардани ду бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Ҷопон ва Марокаш даъват шудааст.

Ин вохӯриҳо бо ташаббус ва даъвати Ассотсиатсияи футболи Ҷопон дар шаҳри Оитаи ин кишвар баргузор мешаванд. Суҳроб Сатторов дар ҳар ду рақобат ба ҳайси довар фаъолият намуда, ба ҳайати доварони бозиҳо шомил хоҳад шуд.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахабҳои Ҷопон ва Марокаш рӯзҳои 6 ва 8 ноябр доир мегарданд. Ин вохӯриҳо барои ҳар ду даста имкони хубе хоҳанд буд, то омодагии худро санҷида, сатҳи бозии футзалбозонро арзёбӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки Суҳроб Сатторов дар соли равон низ масъулияти муҳимро дар сатҳи байналмилалӣ бар уҳда дошт. Ӯ бозии ниҳоии Ҷоми футзали Осиёро миёни мунтахабҳои Индонезия ва Эрон ҳакамӣ карда буд.

Даъвати довари тоҷик барои ҳакамӣ кардани ду бозии дӯстонаи мунтахабҳои Ҷопон ва Марокаш бори дигар аз эътимоди ниҳодҳои байналмилалӣ ба маҳорати доварони футзали Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj