Пятница, 13 ноября 2026
Спорт

“Барселона” ба Алексей Батраков мароқ зоҳир кардааст

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

“Барселона” ба Алексей Батраков мароқ зоҳир кардааст

Бошгоҳи «Барселона» ба футболбози руси дастаи «Галатасарой» Алексей Батраков таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Дар ин бора рӯзноманигор Эркем Конур дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст.

Таваҷҷуҳи бошгоҳи каталонӣ ба футболбоз пас аз бозии даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо, ки дар он «Галатасарой» ба дарвозаи «Барселона» гол зад ва дар ниҳоят дастаи каталонӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, бештар гардидааст.

Батраков дар ин вохӯрӣ дақиқаи 28-ум аз канори ҷаримагоҳ ба задани гол муваффақ шуда, ҳисобро боз намуда буд.

Алексей Батраков дар равзанаи тобистонаи трансферӣ аз «Локомотив»-и Маскав ба «Галатасарой» гузашт. Ӯ дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Истамбул дар ҳамаи мусобиқаҳо 9 бозӣ анҷом дода, ба задани 2 гол ва анҷом додани 2 партофти головар муваффақ шудааст.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj