Ҳамлагари бошгоҳи «Тенерифе» Хесус де Мигел дар синни 30-солагӣ пас аз боздоштани фаъолияти қалб ҳангоми бозии даври 12-уми чемпионати Сегундаи Испания муқобили «Андорра» дар беморхона даргузашт. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2:2 идома дошт, аммо бинобар ҳодисаи рухдода бозӣ қатъ карда шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои испанӣ, дар лаҳзаҳои охири вохӯрӣ дарвозабони «Андорра» Хесус Овоно ҳангоми бархӯрд ба қафаси синаи Хесус де Мигел зарба расонидааст. Пас аз ин ҳодиса футболбоз ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз пайдо карда, ба беморхона интиқол дода шуд.
Де Мигел аз рӯзи душанбеи 2 ноябр, дар беморхона қарор дошт, аммо бо вуҷуди талошҳои табибон ба ҳуш наомада, субҳи сешанбеи 3 ноябри соли 2026, соати 08:00 даргузашт. Қаблан хабар дода мешуд, ки футболбоз дар шуъбаи эҳёгарӣ мустақилона нафас мекашид.
Бошгоҳи «Тенерифе» бо нашри изҳороти расмӣ аз даргузашти футболбози худ хабар дода, ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ кардааст.
«Бо андӯҳи амиқ, қалби пурдард ва ҳанӯз бовар накарда ба воқеаи рухдода, бошгоҳи футболи “Тенерифе” аз даргузашти фоҷиабори Хесус де Мигел Аламеда, ки рӯзи сешанбеи 3 ноябри соли 2026, соати 08:00 субҳ ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад.
Ҳеҷ сухане наметавонад тасаллӣ бахшад ва ҳеҷ чиз наметавонад ин ғаму андӯҳи бузургро сабук намояд. Мо дар ин лаҳзаҳои душвор бо аҳли оила, наздикон ва тамоми мухлисони “Тенерифе”, ки имрӯз барои ин талафоти сангин мотам доранд, ҳамдард ҳастем.
Оилаи Хесус де Мигел барои ҳар як изҳори дастгирӣ ва ҳамдардӣ миннатдорӣ баён намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ҳуқуқи онҳо ба ҳаёти хусусӣ эҳтиром карда шавад», — омадааст дар изҳороти расмии бошгоҳ.
Даргузашти Хесус де Мигел барои бошгоҳ, ҳамдастаҳо ва ҳаводорони футбол дар Испания талафоти бузург ба шумор меравад.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






