Дастаи «Комо»-и Италия дар бозии даври чоруми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2026/27 бар «Ланс»-и Фаронса бо ҳисоби бузурги 9:1 пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Боллар-Делелис»-и шаҳри Ланс баргузор гардид.
Футболбозони «Комо» аз оғози бозӣ ташаббусро ба даст гирифта, ҳанӯз дар нимаи аввал се гол ба самар расониданд. Дар дақиқаи 7-ум Анастасиос Дувикас баъди паси Максимо Перроне ҳисобро кушод. Ҳамлагари юнонӣ дар дақиқаи 32-юм бо истифода аз паси Алекс Валле голи дуюми худро ба самар расонд. Дар дақиқаи 40-ум бошад, Нико Пас баъди паси головари Дувикас тӯби сеюмро вориди дарвозаи мизбонон кард.
Дар қисми дуюми бозӣ низ бартарии дастаи Италия идома ёфт. Дар дақиқаи 47-ум Лукаш Да Куня бо паси Пас ҳисобро 4:0 намуд. Ҳафт дақиқа пас Марк-Оливер Кемпф голи панҷумро зад. Дар дақиқаи 57-ум Дувикас бо анҷом додани хет-трик бартарии «Комо»-ро боз ҳам зиёд кард.
Пас аз ин Маттиа Либерали дар дақиқаи 62-юм голи ҳафтуми меҳмононро ба самар расонд. Ҳарчанд, Рубен Агилар дар дақиқаи 65-ум яке аз голҳоро ҷуброн кард, ҷавоби «Комо» дер интизор нашуд. Мартин Батурина дар дақиқаи 69-ум голи ҳаштумро зад. Дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ Маттео Паппаччоли натиҷаи ниҳоиро муайян кард.
Ҳамин тариқ, «Комо» дар майдони рақиб ғалабаи бузург ба даст оварда, бо ҳисоби 9:1 «Ланс»-ро шикаст дод. Қаҳрамони ин вохӯрӣ Анастасиос Дувикас гардид, ки ба задани се гол муваффақ шуд.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






