ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 ноябр дар Маҷмааи варзишии «Game Sports Arena»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 50-умин Чемпионати ҷаҳонии самбо баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо маҳорат нишон дода, соҳиби 6 медали ифтихорӣ- чор медали нуқра ва ду биринҷӣ гардид, хабар медиҳад шореҳи варзишии АМИТ «Ховар».
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд намояндагони 101 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Барномаи мусобиқот дар байни мардону занон се навъро дар бар гирифт: самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо барои нобиноён (синфи SVI1 — варзишгарони комилан нобино). Дар маҷмуъ, 33 маҷмуи медалҳо тақдим карда шуд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 варзишгари шинохта, аз ҷумла Акмалиддин Каримов дар вазни 58 кг, Идибеки Амиршоҳ дар вазни 64 кг, Сафиоллоҳ Ҳикматов дар вазни 71 кг, Диваштич Убайдӣ дар вазни 79 кг, Зафар Олимшоев дар вазни 88 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 98 кг ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода дар вазни 98 кг ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳамчунин дар мусобиқаҳои самбои размӣ байни мардон Сиёвуш Солеҳов дар вазни 58 кг, Хуршед Назаров дар вазни 64 кг, Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кг, Рамазон Ҷумаев дар вазни 79 кг, Холид Толибзода дар вазни 88 кг ва Худобахш Расулов дар вазни 98 кг ба майдон баромаданд. Дар риштаи самбо барои варзишгарони дорои нуқсони биноӣ (СВ-1) ду намояндаи Тоҷикистон — Шоҳрух Назаров дар вазни 79 кг ва Раҷаб Ҳусейнов дар вазни 98 кг иштирок карданд.
Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа маҳорати хуб нишон дода, дар чанд вазн ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Аввалин медали нуқраи Тоҷикистонро Холид Толибзода аз намуди самбои размӣ, дар вазни то 88 килограмм ба даст овард. Ӯ дар даври ниҳоӣ бо намояндаи Русия Демид Волков неру санҷид, аммо дар ин рақобат мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гардид. Шоҳрух Назаров, ки дар мусобиқаи самбои нобиноён дар вазни то 79 килограмм баромад мекард, низ ба финал роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаҳои пешакӣ бар намояндагони Молдова бо ҳисоби 8:0, Эрон ва Узбекистон пирӯз шуда, ба рақобати ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар финал Шоҳрух аз Георгий Гамҷашвилии гурҷӣ мағлуб шуда, мақоми дуюмро ишғол кард. Медали сеюми нуқраи Тоҷикистонро Раҷаб Ҳусейнов дар мусобиқаи самбои нобиноён, дар вазни то 98 килограмм ба даст овард. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ бо намояндаи кишвари мизбон Улмас Райимов рӯ ба рӯ шуда, соҳиби медали нуқра гардид.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа Зафар Олимшоев дар намуди самбои варзишӣ, дар вазни то 88 килограмм ба финал баромада, бо намояндаи Русия Александр Сучков қувва озмуд. Дар ин рақобат варзишгари тоҷик мағлуб шуда, соҳиби медали нуқраи чемпионат гардид.
Ҳамчунин Некрӯзшоҳи Некбахтзода дар вазни беш аз 98 килограмм ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Ӯ пас аз мағлубият дар рақобат бо Уча Табатадзеи гурҷӣ барои ҷойи сеюм муборизаро идома дода, дар рақобати ҳалкунанда бар намояндаи Қазоқистон Сапар Болат бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардид. Дар рӯзи охирини чемпионат Рамазон Ҷумаев дар намуди самбои размӣ, дар вазни то 79 килограмм медали биринҷӣ ба даст овард. Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба шаш адад расид.
Ба варзишгарон барои касби ҷойҳои ифтихорӣ мукофотпулиҳо тақдим карда шуданд: барои зинаи аввал – 4 ҳазор доллар, мақоми 2-юм – 3 ҳазор доллар ва ҷойи 3-юм – 2 ҳазор доллар.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷике, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканд мақомҳои ифтихориро сазовор гардидаанд, имшаб, 10 ноябр, соати 22:00 ба вақти Тоҷикистон ба Ватан бармегарданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj






