Суббота, 14 ноября 2026
Спорт

Ҳоланд барандаи ҷоизаи “Golden Player” гардид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Ҳоланд барандаи ҷоизаи “Golden Player” гардид

Ҳамлагари «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд соҳиби ҷоизаи «Golden Player» гардид. Ин ҷоиза аз ҷониби нашрияи итолиёвии Tuttosport ба беҳтарин футболбози мавсими гузашта тақдим мешавад. Ҳамлагари мунтахаби Норвегия дар натиҷаи овоздиҳӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Дар соли 2026 Ҳоланд дар 53 бозӣ, бо шумули вохӯриҳо дар ҳайати тими миллӣ, ба задани 46 гол ва анҷоми 5 партофти головар ноил шудааст. Ӯ ҳамроҳи «Манчестер Сити» соҳиби Ҷоми Англия ва Ҷоми Лига гардида, бо 27 гол унвони беҳтарин нишонзани Премйер-лигаро ба даст овард. Ҳамчунин, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 , Ҳоланд ба задани 5 гол муваффақ шуд.

Ин ҷоиза барои Эрлинг Ҳоланд дар фаъолияти касбиаш бори дуюм аст, ки ба даст меояд. Қаблан футболбози норвегӣ соли 2023 низ соҳиби ҷоизаи «Golden Player» гардида буд.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj