Ҳимоятгар ва капитани бошгоҳи «Ливерпул» Вирҷил ван Дейк дар бораи ояндаи худ дар ҳайати тими “Мерсисайд”-ҳо изҳори назар карда, таъкид намудааст, ки аз ба охир расидани муҳлати шартномааш нигарон нест.
Футболбози мунтахаби Нидерландия изҳор дошт, ки ҳоло ба ояндаи худ бо оромӣ муносибат мекунад ва мехоҳад фаъолияти худро дар сатҳи баланд идома диҳад.
«Ман худро хуб ҳис мекунам, аммо ҳоло масъала дар бораи ман нест. Бубинем, ки чӣ мешавад. Ман аслан ба воҳима намеафтам. Мехоҳам бозӣ кардан ва кореро, ки ҳоло анҷом медиҳам, идома диҳам. Бубинем, ки ин мавсим чӣ натиҷа меорад. Ҳоло ман аз ҳама чиз қаноатмандам. Агар вазъият ҳамин тавр идома ёбад, хуб аст. Дар акси ҳол, ба ҷои дигар меравам. Дар айни замон барои хабар додан чизи наве нест, аммо ин маънои онро надорад, ки ман фишори равонӣ эҳсос мекунам ё аз чизе нигаронам», — гуфтааст ван Дейк дар суҳбат бо Sky Sports.
Қобили зикр аст, ки Вирҷил ван Дейк бар асари ҷароҳат бозиҳои дарпешистодаи мунтахаби Нидерландияро дар доираи Лигаи миллатҳои УЕФА аз даст медиҳад.
Шартномаи ҳимоятгари 35-сола бо «Ливерпул» то тобистони соли 2027 амал мекунад.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






