Сармураббии бошгоҳи «ПСЖ» Луис Энрике аз фаъолияти Ферран Торрес, ки пеш аз оғози мавсим аз «Барселона» харидорӣ шуда буд, изҳори норозигӣ кардааст. Тибқи иттилои нашрияи Sport.fr ҳамлагари испанӣ эҳтимол дар равзанаи трансферӣ тарки бошгоҳи шаҳри Париж мекунад.
Ба иттилои манбаъ, сабри Луис Энрике нисбат ба футболбоз ба охир расидааст. Мураббӣ аз Торрес натиҷабахшии бештар ва иштироки фаъолтарро дар бозии даставӣ интизор буд, аммо интизориҳояш амалӣ нашудаанд.
Ҳамчунин, эҳтимоли бозгашти Ферран Торрес ба «Барселона» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аммо ин сенария чандон воқеӣ ба назар намерасад, зеро бошгоҳи каталонӣ барои баргардонидани футболбози собиқи худ ҳеҷ гуна иқдоме анҷом надодааст.
Гуфта мешавад, ки «ПСЖ» метавонад Ферран Торресро ба қисми муомила бо бошгоҳи «Комо»-и Италия барои ба даст овардани нимҳимоятгар Нико Пас ворид кунад. Парижиҳо пешниҳодеро ба маблағи 60 миллион евро бо илова намудани ҳамлагари испанӣ баррасӣ доранд.
Бо вуҷуди ин, то ҳол нишонае аз оғози музокироти ҷиддӣ байни бошгоҳҳо вуҷуд надорад.
Перевод с таджикского выполнен автоматически.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






