Четверг, 12 ноября 2026
Спорт

Тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи “King’s Cup 2026” вориди шаҳри Сисакет шуд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи “King’s Cup 2026” вориди шаҳри Сисакет шуд

Мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» вориди шаҳри Сисакет гардид.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 24 футболбоз шомил шудаанд: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уммон бозӣ мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ яккачинҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам вомехӯранд. Рақобатҳои ниманиҳоӣ рӯзи 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешаванд.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳои ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» рӯзи 17 ноябр баргузор хоҳанд шуд.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj