Пятница, 13 ноября 2026
Спорт

Италия бори аввал аз соли 1962 дар майдони худ Фаронсаро мағлуб кард

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Италия бори аввал аз соли 1962 дар майдони худ Фаронсаро мағлуб кард

Дастаи мунтахаби Италия ба силсилаи 64-солаи бебарории худ дар бозиҳои хонагӣ муқобили Фаронса нуқта гузошт. Итолиёиҳо дар бозии даври панҷуми Лигаи миллатҳои УЕФА бо ҳисоби 3:1 бар тими Фаронса пирӯз шуданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сан-Сиро»-и шаҳри Милан баргузор гардид.

Қабл аз ин, мунтахаби Италия бори охир 5 –уми майи соли 1962 дар майдони худ Фаронсаро мағлуб карда буд. Он вақт дар бозии дӯстона, ки дар шаҳри Флоренсия баргузор шуд, тими миллии Италия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд. Баъди ин ду даста дар Италия шаш маротиба бо ҳам рақобат карданд, ки дар чаҳор бозӣ Фаронса ғолиб омад ва ду вохӯрии дигар мусовӣ анҷом ёфт.

Дар бозии охир ҳисобро дар дақиқаи 10-ум Майкл Олисе баъди иштибоҳи дарвозабони Италия Ҷанлуиҷи Доннарумма боз кард. Аммо дар дақиқаи 26-ум Франческо Эспозито бо истифода аз паси Николо Камбяги ҳисобро баробар намуд.

Дар қисми дуюми бозӣ Давиде Фраттези дар дақиқаи 63-юм Италияро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 75-ум бошад, Эспозито зарбаи пеналтиро ба гол табдил дода, дубл анҷом дод ва ғалабаи тими мунтахаби Италияро дар баробари Фаронса таъмин намуд. Фаронса бо роҳнамоии Зидан аввалин бохтро ба қайд гирифт.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj