Пятница, 13 ноября 2026
Спорт

8 ҷудокори тоҷик дар Tashkent World Championships Juniors 2026 иштирок мекунанд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

8 ҷудокори тоҷик дар Tashkent World Championships Juniors 2026 иштирок мекунанд

Шаҳри Тошканди Ӯзбекистон аз 19-ум то 22-юми ноябр мизбони мусобиқаи Tashkent World Championships Juniors 2026 мегардад. Барои иштирок дар мусобиқа то имрӯз 595 ҷудокор аз 82 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 ҷудокор - Лоиқ Қудбудинов ва Шокир Ғаюбов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг, Ворис Назаров дар вазни то 73 кг, Зикриаллоҳ Шарипов ва Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг, Беҳрӯз Имомов дар вазни то 90 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг намояндагӣ мекунанд.

Ҷудокорони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа барои ба даст овардани натиҷаҳои шоиста ва муаррифии шоистаи варзиши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳанд кард. Тоҷикистон бо умед ба натиҷаҳои хуб ва ба даст овардани медалҳо ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ миёни ҷавонон меравад.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj