Нимҳимоятгари англис Ҷуд Беллингем шартномаи нави дарозмуддатро бо бошгоҳи «Реал Мадрид» ба имзо расонид. Дар ин бора нашрияи испании Diario AS хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, шартномаи нави футболбози 23-сола бо бошгоҳи шоҳона то тобистони соли 2031 эътибор хоҳад дошт.
Гуфта мешавад, ки дар шартномаи нав шароити молиявии беҳтар пешбинӣ шуда, маоши нимҳимоятгари англис низ афзоиш ёфтааст. Ин тасмим бо назардошти нақши муҳим ва таъсири назарраси Беллингем дар бозии даста гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷуд Беллингем тобистони соли 2023 аз бошгоҳи «Боруссия»-и Дортмунд бо маблағи 103 миллион евро ба «Реал» гузашт.
Дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Мадрид футболбози англис то имрӯз ғолиби Лигаи чемпионҳо, қаҳрамони Испания ва барандаи Суперҷоми УЕФА гардидааст.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj




