Воскресенье, 15 ноября 2026
Спорт

Тоҷикистон ба финали "King’s Cup 2026" баромад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Тоҷикистон ба финали "King’s Cup 2026" баромад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский дар бозии даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» бар тими миллии Уммон пирӯз шуда, ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Вохӯрӣ 14 ноябр дар варзишгоҳи Сисакет баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби мо анҷом ёфт. Ягона голи вохӯриро Шериддин Бобоев ба самар расонд. Ӯ дар дақиқаи 60-ум пеналтиро ба гол табдил дод.

Дар финали мусобиқаи «King’s Cup 2026» мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Тайланд нерӯ месанҷад, ки дар бозии дигари ниманиҳоӣ бар мунтахаби Бруней бо ҳисоби калони 6:0 пирӯз шуд.


Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоӣ миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Тайланд 17 ноябр соати 17:30 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj