Воскресенье, 15 ноября 2026
Спорт

Игор Ангеловский: "Танҳо онҳое, ки Ватани худро дӯст медоранд, метавонанд дар чунин шароит бозӣ кунанд"

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Игор Ангеловский: "Танҳо онҳое, ки Ватани худро дӯст медоранд, метавонанд дар чунин шароит бозӣ кунанд"

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский натиҷаи бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026»-ро муқобили мунтахаби Уммон, ки дирӯз, 14 ноябр дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор шуда, бо пирӯзии тими мо бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт, шарҳ дод.

«Футболбозонамро табрик мегӯям – онҳо қаҳрамонони ман ҳастанд! Пас аз парвози дурӯза, ки барои мо хеле вазнин гузашт, танҳо бозигароне, ки воқеан ватани худро дӯст медоранд, метавонанд дар чунин шароити гарму намнок ба майдон баромада, бозӣ кунанд. Ман шодам, ки бо чунин футболбозон кор мекунам.

Аммо ба мо фориғбол шудан лозим нест, зеро ҳанӯз кори худро ба анҷом нарасондаем. Мо ҳама якҷо ба сӯи финал ҳаракат мекунем ва ҳадафи ягона дорем – ба даст овардани Ҷоми мусобиқа.

Дар мавриди бозӣ бо мунтахаби Уммон, ба назари ман, шароити бозӣ, махсусан дар нимаи аввал, ба мо имкон надод, ки бозии босифаттар нишон диҳем. Ҳарду даста эҳтиёткорона амал карданд. Дар нимаи дуюм мо мунтазири фурсати худ будем ва тавонистем аз пеналти гол занем. Мо боз чанд имкони хуби голзанӣ доштем ва дар ниҳоят тавонистем бозиро бо пирӯзӣ ба анҷом расонда, ба финал роҳ ёбем. Барои дастгирӣ ба ҳама ташаккур!», – гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоӣ миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Тайланд 17 ноябр соати 17:30 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj