Понедельник, 16 ноября 2026
Спорт

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозии ниҳоии мусобиқаи “King’s Cup 2026” омодагӣ мегирад

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозии ниҳоии мусобиқаи “King’s Cup 2026” омодагӣ мегирад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский омодагиро ба бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» идома медиҳад. Дар рақобати ҳалкунанда мунтахаби кишвар бо тими миллии Тайланд нерӯ месанҷад.

Як рӯз пас аз бозии ниманиҳоӣ муқобили мунтахаби Уммон, футболбозони мо омодагиро ба вохӯрии ҳалкунанда оғоз карданд.

Бозигароне, ки дар дидори қаблӣ фишори зиёди ҷисмонӣ гирифтанд, дар меҳмонхона машқи барқарорсозӣ анҷом доданд. Қисми дигари футболбозон бошад, дар майдон тамрин намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» миёни мунтахабҳои Тайланд ва Тоҷикистон 17 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj