Дар арафаи бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» дар шаҳри Сисакет нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо баргузор гардид. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский оид ба омодагии даста ба бозии финалӣ бар зидди мунтахаби Тайланд андешаҳояшро баён кард.
«Футболбозони мо бо сатҳи бозии худ сазовори роҳ ёфтан ба финал шуданд. Бовар дорам, ки бозии фардо бо мунтахаби Тайланд яке аз беҳтарин баромадҳои онҳо то имрӯз хоҳад буд. Бо чунин футболбозон кор кардан бароям хушоянд аст. Барои дастгирӣ ба ҳама миннатдорӣ баён мекунам. Фардо мо ҳама якҷо барои ба даст овардани ҷом мубориза мебарем.
Дар мавриди рақиб бояд гуфт, ки мунтахаби Тайланд дастаи хуб буда, дар раддабандии ФИФА аз мо пешанд. Илова бар ин, онҳо дар майдони худ бозӣ мекунанд ва аз дастгирии мухлисонашон бархӯрдор хоҳанд буд. Бозии ҳуҷумии мунтахаби Тайланд хуб ба роҳ монда шудааст ва мо бояд ба ин ҷиҳати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунем. Ҳамзамон, рақиб нуқтаҳои заифи худро низ дорад», – гуфт Игор Ангеловский дар нишасти матбуотии пеш аз финал.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» миёни мунтахабҳои Тайланд ва Тоҷикистон 17 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






