Капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров интизориҳои худро аз бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» муқобили мунтахаби Тайланд баён кард. Вохӯрӣ 17 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешавад.
«Дастаи мо ба бозии ниҳоӣ омода аст. Бозигарон ба вохӯрии дарпешистода бо мунтахаби Тайланд омодагӣ мебинанд ва ҳама бо як ҳадаф — пирӯз шудан ва ба даст овардани ҷоизаи асосӣ ба майдон мебароянд. Чор сол пеш мо аллакай дар финали мусобиқаи «King’s Cup» бо тими миллии Тайланд рӯ ба рӯ шуда будем. Ҳариф дар майдони худ бозӣ мекунад ва аз дастгирии мухлисони маҳаллӣ бархӯрдор хоҳад буд, аммо мо ба ин даъват омодаем. Нақшаи худро дорем ва муҳимтар аз ҳама, ба неруи хеш боварӣ дорем.
Рӯҳияи даста олист. Ҳамаи футболбозон масъулияти рақобати дарпешистодаро дарк мекунанд ва омодаанд барои расидан ба ҳадаф тамоми қувваи худро сарф намоянд. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то бозии босифат нишон дода, ба натиҷаи мусбат ноил гардем. Умедворам, ки мухлисони худро шод карда, ҷомро ба Ватан меорем», – изҳор дошт Аҳтам Назаров.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» миёни мунтахабҳои Тайланд ва Тоҷикистон 17 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






