Вторник, 17 ноября 2026
Спорт

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо Ветнам мусовӣ кард

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо Ветнам мусовӣ кард

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев бозии сеюм ва охирини худро дар мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026», ки дар шаҳри Чэндуи Чин ҷараён дорад, анҷом дод.

Дар даври ниҳоӣ футболбозони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Ветнам рақобат карда, бозиро бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расониданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Назарзода ва Муҳаммадҷон Исаков ба самар расониданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон иштирокашро дар мусобиқа бо се мусовӣ ҷамъбаст кард. Дастаи мо дар ду бозии қаблӣ бо мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ (1:1) ва Чин (1:1) мусовӣ карда буд.

Дар натиҷаи се рақобат мунтахаби Тоҷикистон се хол ба даст оварда, ба дарвозаи ҳарифон чор гол зад ва чор гол сар дод.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj