Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар соли 2026 оғоз гардид. Дар рӯзи якуми мусобиқа Тоҷикистонро Мадина Қурбонзода (-52 кг), Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Шокир Ғаюбов (-60 кг) ва Ёсин Бобокалонов (-66 кг) намояндагӣ карданд.
Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг) дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон бар Бути Алҳашми аз АМА зафар ёфта, дар даври дуюм намояндаи Исроил - Бен Тамариро шикаст дод.
Дар даври ҳаштякниҳоӣ Лоиқ бар намояндаи Италия - Крочиани Франческо ғолиб омада, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва бо намояндаи Гурҷистон - Лука Оманадзе гӯштин гирифт.
Лоиқ дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо мағлуб кардани намояндаи Гурҷистон - Лука Оманадзе ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳилаи мусобиқа Лоиқ Қутбуддинов аз ҷудокори мизбон Муҳаммадҷон Машарипов мағлуб шуд ва муборизаро барои нишони биринҷӣ бо Тоай Ҳашима аз Ҷопон идома медиҳад
Ёсин Бобокалонов (-66 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм ғалабаро бар намояндаи Литва - Симас Поликевичюс ба даст овард. Дар даври ҳаштякниҳоӣ Ёсин бар Бруно Нобрега аз Бразилия ғолиб омада, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад.
Бобокалонов дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз Абдуллах Парчиеви рус шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт. Дар ин марҳилаи мусобиқа Ёсин аз Гигаури Торнайки гурҷӣ мағлуб шуда, мақоми ҳафтумро ишғол намуд.
Шокир Ғаюбов (-60 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз намояндаи Ҷопон - Тоай Ҳашима шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Мадина Қурбонзода (-52 кг) дар даври аввал намояндаи Ӯзбекистон - Наргиза Дустмаматова ва дар даври дуюм намояндаи Бразилия - Никол Маркес аз Бразилияро шикаст дода, ба даври ҳаштякниҳоӣ баромад.
Дар ин марҳила Мадина аз намояндаи Фаронса - Алисия Маркес мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо канор рафт. \
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Тошканди Ӯзбекистон аз 19-ум то 22-юми ноябр мизбони мусобиқаи Tashkent World Championships Juniors 2026 аст. Барои иштирок дар мусобиқа 574 ҷудокор аз 78 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 ҷудокор намояндагӣ доранд.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






