Ҳамлагари руси тими «Вашингтон Кэпиталз» Александр Овечкин рекорди нави бошгоҳро аз рӯи шумораи пасҳои головар ба даст овард. Дар бозии Чемпионати мунтазами NHL «Вашингтон» дар майдони худ бо ҳисоби 3:6 аз «Баффало Сейбрз» шикаст хӯрд, аммо Овечкин дар ин вохӯрӣ як паси головар анҷом дод.
Ин ассист барои Овечкин 763-юм дар ҳайати «Вашингтон» буд. Бо ин нишондиҳанда ӯ аз Никлас Бэкстрём пеш гузашта, рекорди нави дастаро ба номи худ сабт кард.
Овечкин дар мавсими 22-юми худ дар NHL то имрӯз 6 имтиёз (1 гол ва 5 ассист) ба даст овардааст. Дар маҷмӯъ, ӯ дар бозиҳои мавсими муқаррарии NHL 930 гол задааст ва бо назардошти бозиҳои плей-офф шумораи голҳояш ба 1007 мерасад.
Аз рӯйи шумораи умумии голҳо бо назардошти плей-офф, Овечкин танҳо аз ҳамлагари машҳури Канада Уэйн Греттски қафо мемонад, ки дар ҳисобаш 1016 гол дорад.
Қобили зикр аст, ки Александр Овечкин қаблан эълон карда буд, ки мавсими 2026/27 охирин мавсими фаъолияти ӯ дар Лигаи миллии хоккей хоҳад буд.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






