Имрӯз, 20 ноябр дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро дар Чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар Қатар ҷараён дорад, баргузор мекунад.
Ҳарифи футболбозони тоҷик мунтахаби Куба мебошад. Вохӯрӣ дар майдони рақами 4-и варзишгоҳи «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа доир гардида, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2026 дар шаҳри Дубай 3 бозии дӯстона доир карда буд.
Дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо тими Кот-д’Ивуар мусовӣ (1:1) кард. Сипас, бар тими Фиҷи бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд. Дар бозии охирин бошад, аз мунтахаби Танзания бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Ҳар се вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 дастаи мо дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) рақобат хоҳад кард.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






