Футболбози ҷавони тоҷик Шарипов Комилҷон Зоиршоҳович дар синни ҳамагӣ 14–15-солагӣ ба дастоварди ҷолиб ноил гардид. Ӯ дар муддати чанд ҳафта дар ду мусобиқаи ҷаҳонии таҳти сарпарастии ФИФА иштирок карда, Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Шарифов нахуст дар нахустин Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 15-сола ва фестивали ФИФА, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар бозии ниҳоӣ бар муқобили тими Канада ду гол зада, ба ғалабаи бозгашти Тоҷикистон бо ҳисоби 4:2 саҳм гузошт.
Онҷо мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов дар аввалин чемпионати ҷаҳон-2026 миёни наврасон дар Боку ғолиби дивизиони «D» шуд.
Акнун футболбози ҷавон дар ҳайати мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии ФИФА-2026, ки дар Қатар оғоз мешавад, иштирок мекунад.
ФИФА аз Комилҷон Шарипов ва футболбози ҷавони Фиҷи Райан Накул Свами ҳамчун намунаи дастовардҳои насли нави футболбозон ёдовар шудааст. Свами низ дар ду мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок карда, дар Боку бар муқобили Индонезия як гол ба самар расонида буд.
Тибқи иттилои ФИФА, ин дастовардҳо ҳамчунин натиҷаи барномаи рушди истеъдодҳои ҷавони ин созмон мебошанд, ки ҳадафи он фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои пешрафти футболбозони ҷавон дар саросари ҷаҳон аст.
Маълумоти бештар дар бораи ин ду футболбози ҷавон ва дастовардҳои онҳо дар сомонаи расмии ФИФА нашр шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 дастаи мо дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) рақобат хоҳад кард.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






