Среда, 25 ноября 2026
Спорт

Шамил Исмоилов барандаи биринҷӣ дар мусобиқаи Tashkent Grand Prix Cadets 2026

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Шамил Исмоилов барандаи биринҷӣ дар мусобиқаи Tashkent Grand Prix Cadets 2026

Паҳлавони навраси тоҷик Шамил Исмоилов дар вазни то 73 кг дар мусобиқаи Tashkent Grand Prix Cadets 2026 медали биринҷӣ гирифт.

Шамил Исмоилов дар даври аввал ғалабаро муқобили Фарас Рашед аз Куайт ба даст оварда, дар даври чаҳорякниҳоӣ намояндаи Гурҷистон - Мате Тсибадзеро шикаст дод ва ба даври нимниҳоӣ баромад.

Дар даври нимниҳот Исмоилов аз намояндаи Русия - Муҳаммад-Алӣ Абдул-Межидов мағлуб шуда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар намояндаи Гурҷистон - Гиоргий Мчедлишвили зафар ёфт.

Намояндаҳои дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Зиёев (-73 кг), Мустафо Чӯянов (-81 кг), Билол Хушвахтов (-81 кг), Темуршоҳ Вазиров (+90 кг) ва Муҳаммадҷон Ахмедов (+90 кг) дар рӯзи охири мусобиқа мағлуб шуда, бидуни медал монданд.

Ҳамин тавр, дар мусобиқаи наврасон аз ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Муҳаммаданис Солиҳов (-55 кг) дар рӯзи якуми мусобиқа дар шаҳри Тошканд ба гирифтани медали тилло ноил шуд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа Шамил Исмоилов (- 73 кг) медали биринҷӣ гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи Tashkent Grand Prix Cadets 2026 дар шаҳри Тошканд 250 ҷудокор аз 19 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Тоҷикистонро 14 ҷудокор дар ин мусобиқа муаррифӣ намуда, як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj