Пятница, 27 ноября 2026
Спорт

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи IBA President’s Cup -2026 иштирок мекунанд

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи IBA President’s Cup -2026 иштирок мекунанд

Шаҳри Истанбули Туркия аввалин мусобиқаи IBA President’s Cup –ро аз 27-уми ноябр то 4-уми декабр мизбонӣ хоҳад кард. Беҳтарин муштзанҳои ҷаҳон дар маҷмааи варзишии «Синан Эрдем» барои дарёфти нишонҳои ифтихорӣ мубориза хоҳанд бурд.

Мунтахаби бокси Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 14 варзишгар Меҳрон Шафиев (50 кг), Мероҷ Суфиҷонов (52 кг), Хусравхон Раҳимов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Баҳодур Усмонов (65 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Шоҳобҷон Шукуров ( 75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Рамоил Қурбонов (85 кг) ва Парвиз Аҳмедов (100 кг) ташкил медиҳанд. Ҳабибулло Акбаров (50 кг), Анӯшервон Фазилов (55 кг), Абубакр Ғафуров (75 кг) ва Шаҳбоз Ҳаитов (80 кг) аз номи дастаи IBA баромад хоҳанд кард. Мураббиҳо Саидхуҷа Мамуров, Парвиз Ахмедов, Хуршед Ҷӯраев ва Рубинелса Хардибел роҳнамои ҳайати бокси Тоҷикистон дар ин мусобиқа хоҳанд буд.

Дар шоми ниҳоӣ, ҳамчунин, барномаи "IBA.PRO" пешкаш мешавад, ки дар он муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова иштирок мекунад. Миҷгона Самадова (1-0) онҷо рӯзи 4-уми декабр бо намояндаи Замбия Линаҳ Касвека (10-3) рақобат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа фонди умумии ҷоизаҳо ба 3 миллион доллари ИМА баробар буда, имконияти ба даст овардани холҳо барои рейтинги ҷаҳонии IBA низ мавҷуд аст.

Барои ҳар як медали тилло 100 000 доллари ИМА, барои медали нуқра 50 000 доллар ва барои ҳар як медали биринҷӣ 25 000 доллар мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи низомномаи мусобиқа, маблағи мукофотҳо байни муштзанҳо, мураббиён ва федератсияҳои миллӣ тақсим карда мешавад.

Ин мусобиқа оғози «IBA Elite» — як платформаи нави рақобатӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) мебошад, ки муштзанҳои ҳаваскор ва касбиро дар 12 вазни мардона муттаҳид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияҳои миллии беш аз 160 кишвар барои иштирок дар Конгресси навбатии интихоботии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) рӯзи 5 декабри соли 2026 дар Истанбули Туркия дар доираи ин мусобиқа иштирок хоҳанд намуд. Масъалаи асосии Конгресс — интихоби Президенти IBA ва аъзои Шӯрои директорон мебошад.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj