Суббота, 28 ноября 2026
Спорт

Муҳаммадҷон Раҳимов — беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон-2026

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

Муҳаммадҷон Раҳимов — беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон-2026

Нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов дар мавсими футболи соли 2026 унвони беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олиро соҳиб шуд.

Футболбози 26-сола мавсимро бо нишондиҳандаи 12 гол ба анҷом расонида, дар рақобати нишонзанҳои беҳтарин аз ҳамаи футболбозони дигар пеш гузашт. Раҳимов дар тӯли чемпионат бо бозии фаъол, маҳорати хуби инфиродӣ ва иштироки муассир дар ҳамлаҳои даста ба яке аз чеҳраҳои калидии «Истиқлол» табдил ёфт.

Ҷолиб он аст, ки тақдири ҷоизаи беҳтарин нишонзан дар даври охир ҳал гардид. Муҳаммадҷон Раҳимов дар бозӣ муқобили «Истаравшан» шаш гол ба самар расонида, саҳми бузург дар ғалабаи пурҳисоби «Истиқлол» бо натиҷаи 8:0 гузошт. Ӯ дар дақиқаҳои 21, 24, 36, 47, 57 ва 64 дарвозаи рақибро рахна карда, беҳтарин бозигари вохӯрӣ гардид.

Ин натиҷаи назаррас ба нимҳимоятгари «Истиқлол» имкон дод, ки шумораи голҳои худро ба 12 расонида, дар ҷадвали нишонзанҳои чемпионат мақоми аввалро ишғол намояд.

Дар зинаи дуюми рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин ҳамлагари «Парвоз» Дуаҳ Даниел қарор гирифт. Ӯ дар мавсими имсола 10 гол зада, бо ду гол аз Раҳимов қафо монд.

Мақомҳои сеюм ва чорумро мутаносибан Меҳрон Мадаминов аз «Барқчӣ» ва Салоҳиддин Иргашев аз «Ҳосилот» соҳиб шуданд. Ҳар ду футболбоз дар ҳисоби худ ҳаштголӣ сабт карданд.

Бояд гуфт, ки муваффақияти Муҳаммадҷон Раҳимов бо дастоварди дастааш низ ҳамоҳанг гардид. «Истиқлол» мавсими 2026-ро бо 50 имтиёз дар зинаи аввал ҷамъбаст намуда, бори 15-ум дар таърихи худ қаҳрамони Тоҷикистон шуд.

Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj