Дар бозии ҷавобии даври аввали плей-оффи MLS-и Амрико дастаҳои «Коламбус Крю» ва «Интер Майами» бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Коламбус Крю» анҷом ёфт.
Голи ягонаи бозӣ дар дақиқаи 90+2-юм аз ҷониби Сантяго Родригес ба самар расонида шуд.
Ҳамин тариқ, «Коламбус Крю» бо ҳисоби умумии 2:0 дар силсилаи бозиҳо пирӯз шуда, ба даври дуюми плей-офф роҳ ёфт. «Интер Майами» бошад, бо ин натиҷа муборизаашро дар мусобиқа ба анҷом расонд.
Қобили зикр аст, ки Лионел Месси, Луис Суарес, Родриго Де Паул ва Каземиро низ натавонистанд ба дастаи худ барои идомаи рақобатҳо кӯмак кунанд.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






