Воскресенье, 29 ноября 2026
Спорт

35-умин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид

Эта страница пока доступна только на таджикском языке.

35-умин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 29.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 35-умин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷаҳои мавсим «Истиқлол»-и Душанбе бори дигар унвони чемпиони Тоҷикистонро ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

       Се дастаи беҳтарини чемпионати Тоҷикистон-2026:

  1. «Истиқлол» (Душанбе) – чемпиони Тоҷикистон.
  2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – барандаи медалҳои нуқра
  3. «Ҳосилот» (Фархор) – барандаи медалҳои биринҷӣ.

Дастаи «Истаравшан» лигаи олиро тарк карда, мавсими оянда дар лигаи якум ҳунарнамоӣ мекунад. Ғолиби лигаи якуми Тоҷикистон-2026 «Ҳулбук»-и Восеъ ҳаққи иштирок дар лигаи олиро дар мавсими оянда ба таври мустақим ба даст овард.

Соҳиби як роҳхати дигар ба лигаи олии Тоҷикистон-2027 дар бозиҳои гузаришӣ муайян хоҳад шуд. «Сардор»-и Турсунзода, ки мавсими имсоларо дар ҷойи 11-уми лигаи олӣ ба анҷом расонд, бо барандаи медали нуқраи лигаи якум «Саройкамар»-и Панҷ рақобат мекунад.

Ҳамин тавр, пас аз анҷоми бозиҳои гузаришӣ охирин иштирокчии лигаи олии Тоҷикистон-2027 муайян хоҳад шуд.

Нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов унвони беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олиро ба даст овард.

Дар мавсими анҷомёфта Муҳаммадҷон Раҳимов дар ҳисоби худ 12 гол сабт кард. Шаш голро ӯ дар бозии даври охир бар муқобили «Истаравшан» ба самар расонд.

Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо ҷойи дуюмро ҳамлагари «Парвоз» Дуах Даниел бо 10 гол ишғол кард. Мақомҳои сеюм ва чорумро Меҳрон Мадаминов аз «Барқчӣ» ва Салоҳиддин Иргашев аз «Ҳосилот» бо 8-голӣ соҳиб шуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: НИАТ «Ховар» · khovar.tj