Дар Душанбе қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи дуюм ба анҷом расид.
Дар бозии финалӣ дастаи «Ғулакандоз»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бар «Рӯшон»-и ВМКБ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Истиқлол-Гурӯҳ» аз шаҳри Хуҷанд бар «Ёвон» бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон Суҳроб Ҳамидов иштирок карданд.
Бар асоси натиҷаҳои қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи дуюм, «Ғулакандоз» (Ҷаббор Расулов), «Рӯшон» (Рӯшон) ва «Истиқлол-Гурӯҳ» (Хуҷанд) ба раванди иҷозатномадиҳии дастаҳои лигаи якум роҳ дода мешаванд.
Дар сурати бомуваффақият гузаштани расмиёти ҳатмии иҷозатномадиҳӣ, онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум-2027 иштирок намоянд.
Источник: Телеканал «Варзиш» · varzishtv.tj






