Дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва афзоиши имкониятҳои эҷодиву техникии воситаҳои ахбори омма такмили маҳорати касбии мутахассисон яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати маводи телевизионӣ ба шумор меравад.
Бо ин мақсад, дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" барои коргардонҳо, танзимгарон ва наворбардорони шабакаҳои телевизионӣ мастер-класс доир шуд.
Источник: YouTube-канал «ТВ Душанбе» · YouTube




